
Боздид аз мавзеи сохтмони НБО-и “Себзор”
Дар санаи 10-уми июни соли ҷорӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз мавзеи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа дидан намуда, бо рафти корҳо аз наздик шинос гардид.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии нерӯгоҳ аз ҷониби мутахассисони ҶСК ТГЭМ дар мавзеи сарбанд, бинои нерӯгоҳ, пули асосӣ ва қубури об дар ҷараён аст. Дара айни замон ширкати ҶСК ТГЭМ корҳои заминиро дар мавзеи сарбанд ва мавзеи қубури об пеш бурда, дар бинои асосии нерӯгоҳ корҳои заминиро ба итмом расонд ва бетонрезиро шурӯъ намуд. Ҳамчунин, корҳои тозакунии нишебиҳои қад-қади роҳ аз мавзеи Сарбанди нерӯгоҳ то бинои нерӯгоҳ охири моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, айни ҳол қисми зиёди корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Баъди дидан аз ҳамаи қитъаҳои сохтмони нерӯгоҳ ва баррасии ахбороти масъулон вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мӯҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир оиди сифати иҷроиши корҳо ва суръатбахшии корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас доданд.




